выберите
способ входа

профиль

на сайте

профиль

в приложении билайн

Интиқолҳои пулии «Золотая Корона»Бо наздиконатон ҳатто дар масофаи дур наздик шавед — дар идораҳои билайн ба хона бо комиссияи аз 0%¹ пул фиристед
Дарёфти идораУзбекӣ/Тоҷикӣ/Қирғизӣ
Welcome

Чӣ тавр маблағи нақдро интиқол дод

  • 1
    Ба идораи билайн меоед
    Дар харита идораи ба шумо қулайро дарёбед
  • 2
    Ҳуҷҷатҳоятонро бо худ гиред
    Ба шаҳрвандони Федератсияи Россия танҳо шиноснома лозим аст. Ба шаҳрвандони хориҷӣ — шиносномаи хориҷӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо
  • 3
    Маълумоти маблағгирандаро пур намоед
    Насаб, ном ва номи падарӣ, рақами телефон, кишвар ва шаҳри маблағгиранда, инчунин маблағ ва асъори интиқолро нишон диҳед. Шартҳои интиқол ба Хитой фарқ мекунанд
  • 4
    Гирифтани расидро бо рақами интиқол фаромӯш насозед
    Ба хазина пули нақд пардохт намоед ва расиди хазинавиро гиред — дар он рақами интиқол дарҷ карда мешавад, ки бо ёрии он шумо метавонед ҳолати интиқоли худро пайгирӣ намоед ва маблағгиранда бошад метавонад бо пешниҳоди шиноснома интиқолро ба даст орад
Хизматрасонӣ аз ҷониби ТҚҒҲ «Платёжный Центр» (ҶДММ) пешниҳод мешавадТаблиғ. Таблиғкунанда ТҚҒҲ «Платёжный Центр» (ҶДММ) РАБД: 1025400002968

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи тарофаҳо, самтҳои дастраси интиқоли пулӣ, маҳдудият ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ, дар сомонаи rnko.ru дар бахши «Интиқоли пули нақд» ва дар нуқтаҳои хизматрасонӣ муроҷиат кунед. Хизматрасонӣ аз ҷониби ТҚҒҲ «Платёжный Центр» (ҶДММ) дар асоси шартнома дар бораи хизматрасонии ҳамаҷонибаи муштариён дар НХ Намояндаҳо, Иҷозатномаи (Литсензияи) Бонки марказии Федератсияи Россия № 3166-К аз 14.04.с.2014 пешниҳод мешавад. Маълумот дар бораи додани асъори интиқол барои ҳар як кишвар дар нуқтаҳои хизматрасонӣ муайян намоед. ТҚҒҲ «Платежный Центр» (ҶДММ) ҳуқуқ дорад аз хизматрасонӣ даст кашад. Пешниҳодот дар идораҳои худи билайн эътибор дорад.

Ҳангоми интиқол ба корт, мӯҳлати ба ҳисоб гирифтани маблағ аз ҷониби бонки ношири корт ё ташкилоте, ки маблағгиранда дар он суратҳисоб кушодааст, аз назорати ТҒҚҲ берун аст ва аз ҷониби низоми пардохт ва бонки ношири корт ё ташкилоте, ки дар он маблағгиранда суратҳисоб кушодааст, муайян карда мешавад.

¹ Комиссияи 0% барои интиқол бо табодули асъор аз рӯи қурби ТҚҒҲ «Платёжный Центр» (ҶДММ) ҳангоми фиристодани интиқол татбиқ карда мешавад. Маҳдудиятҳо вуҷуд доранд. Дар дохили Федератсияи Россия интиқол танҳо бидуни табодул имконпазир аст. Интиқол ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Абхозистон, Озарбойҷон, Молдова метавонад бо табодул ё бидуни табодул анҷом дода шавад. Ба дигар кишварҳо интиқол танҳо бо табодул имконпазир аст.

² Кишварҳои дигар: Абхозистон, Беларус, Ветнам, Гурҷистон, Исроил, Урдун, Қазоқистон, Кипр, Молдова, Корея, Россия, Туркия, Юнон, Сербия.

³ Шаҳрванди хориҷӣ иловатан пешниҳод мекунад: маълумоти варақаи муҳоҷират ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи будубош дар Федератсияи Россия, агар ин ҳуҷҷат гувоҳномаи иқомат дар Федератсияи Россия бошад, муштарӣ иловатан иҷозати Раиси Раёсати Шӯрои ТҚҒҲ «Платежный Центр» (ҶДММ) дар шакли хаттӣ барои хизматрасонӣ пешниҳод мекунад.

⁴ Ба Хитой танҳо бо истифода аз кортҳои низоми пардохтии UnionPay (минбаъд — НП UnionPay), ки аз ҷониби бонкҳои Хитой интишор шудаанд, ба истиснои Ҳонконг, Макао ва Тайван, интиқол додан имконпазир аст. Интиқоли маблағ тибқи қоидаҳои НП UnionPay сурат мегирад. Асъори интиқол — доллари ИМА. Бонкҳои ношир ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми интиқол асъори интиқолро ба асъори корти маблағгиранда бо қурби НП UnionPay табдил диҳанд ва инчунин комиссия ситонанд. ТҚҒҲ «Платёжный Центр» (ҶДММ) барои маблағе, ки ба корти бонки ношир ирсол карда мешавад, масъул нест. Барои интиқоли маблағ ба Хитой, танҳо рақами корти НП UnionPay лозим аст.

упоминание в рекламных материалах ПАО «ВымпелКом» сайта beeline.ru означает, что рекламодателем (или одним из рекламодателей) таких материалов является ПАО «ВымпелКом», если в самих рекламных материалах прямо не установлено иное

продолжая использование сайта, вы соглашаетесь с

согласие на обработку данных

в ином случае вам необходимо покинуть сайт. Сайт использует файлы cookies для взаимодействия с вами. Вы можете согласиться на использование cookies или заблокировать их использование, изменив настройки вашего интернет-браузера, следуя

инструкции
карта сайта

билайн © 2025